Ҳиссаи алюминии аввалия дар содирот 51,2%-ро ташкил дод

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи алюминии аввалия дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 51,2% ро ташкил дода, ҳиссаи алюминийи аввалия ва нахи пахта дар содироти Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба беш аз 67% аз ҳаҷми умумӣ баробар шудаааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар зарфи 3 моҳи соли равон алюминийи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи алюминии аввалия дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 51,2% ро ташкил дода, ҳиссаи алюминийи аввалия ва нахи пахта дар содироти Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба беш аз 67% аз ҳаҷми умумӣ баробар шудаааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар зарфи 3 моҳи соли равон алюминийи аввалия ба маблағи зиёда аз 116 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки 51,2% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳиссаи нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти мамлакат 16%-ро ташкил дода, дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 36,4 млн. доллари ИМА ин навъи маҳсулот интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки алюминийи аввалия ва нахи пахта маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамасола ба ҳиссаи онҳо беш аз 70% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулот рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, миёни маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ бештар аст, ки 17% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба қаламрави кишвар ба маблаги умумии 161,6 млн. доллари ИМА маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Ҳиссаи дигар маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дар ин давра, аз ҷумла нақлиёти сабук – 7,3%, гилхок – 5,6%, гандум – 5,5%, гази моеъ – 4,5% ва орд – 2,3% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.