М.Демпси: Мо Тоҷикистону Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳем кард

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси изҳор дошт, ки Амрико Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳад кард. «ИМА барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон мутахассисони тоҷикро ба омӯзиш фаро […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси изҳор дошт, ки Амрико Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳад кард.




«ИМА барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон мутахассисони тоҷикро ба омӯзиш фаро хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.



Дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ӯ чунин изҳори

 

назар намуд, ки барои решакан кардани истеҳсоли нашъа дар Афғонистон тарзу воситаҳои дигари пешбурди зиндагиро ба аҳолии ин кишвар бояд пешниҳод кард.



М.Демпси бо сафари нахустини расмӣ дар таърихи 31-уми июл ба Тоҷикистон омада, бо президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ш.Хайруллоев мулоқот намуд. Аз Душанбе ӯ озими Бағдод гашт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.