Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани воситаҳо дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА барои маблағгузории марҳилаи аввали Барномаи беҳбуди роҳҳои нақлиётӣ (солҳои 2014-2019) дар минтақаи Осиёи Марказиро маъқул шуморид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, дар марҳилаи аввали амалисозии барнома барқарор кардани иртиботи нақлиётии фаромарзӣ миёни вилоятҳои Ошу Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон пешбинӣ шудаааст.
«Дар марҳилаи аввал таъмиру азнавсозии қитъаи роҳҳои масофаи умумиашон ҳудуди 56 километр қад-қади роҳи «Ош-Ботканд-Исфана» дар ҳудуди вилояти Ботканд, аз ҷумла қитъаҳои «Исфана – гузаргоҳи марзии Қайрагаҷ/Маданият» (36 км), «Ботканд – Тортқул» (14 км) ва «Ботканд – гузаргоҳи Қизил-Бел/Гулистон» (6 км) дар назар аст», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк.
Ба гуфтаи сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили нақлиёт бону Кордула Растоги, марҳилаи аввали барнома ба сифати яке аз лоиҳаҳои пайдарҳам таҳия шудааст, ки дар қаламрави якҷанд кишварҳо амалӣ карда мешавад.
«Барои ҳамзамон дар якчанд кишвар оғоз кардани амалисозии барнома зарурате нест ва ҳар яке аз кишварҳо вобаста ба омодагиаш ба татбиқи барннома шурӯъ мекунад. Дар амалисозии марҳилаи дуюми барнома иштироки Тоҷикистон дар назар буда, айни замон он мавриди таҳия қарор дорад», – иброз доштааст ӯ.



