Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия дар Куала-Лумпур



Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Малайзия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) Абдул Азиз бин Ҳорун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сохтори зербиноӣ, нақлиёт, дорусозӣ, шарикии корхонаҳои хусусиву давлатӣ, сайёҳӣ, маориф ва ҳамчунин масъалаи ҳавасмандсозии ҳамкориҳои сохторҳои тиҷоратии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки Малайзия дар бахшҳои дар боло зикршуда аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, табодули таҷриба дар ин самтҳо барои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Абдул Азиз бин Ҳорун ба раиси ПСС ҶТ дар бораи ҳамоиши қарибулвуқӯъи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия дар моҳи июни соли 2014 дар Куала-Лумпур маълумот дода, изҳор намуд, ки бешубҳа ин чорабинӣ ба раванди таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сафир аз раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дархост кард, ки барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани ин чорабинӣ бо иштироки корхонаву ташкилотҳои пешрафтаи Тоҷикистон, ки ба ҳамкорӣ бо ҳамтоҳои худ дар Малайзия манфиатдоранд, мусоидат карда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное