Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия дар Куала-Лумпур

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Малайзия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) Абдул Азиз бин Ҳорун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сохтори зербиноӣ, нақлиёт, дорусозӣ, шарикии корхонаҳои хусусиву давлатӣ, сайёҳӣ, маориф ва ҳамчунин масъалаи ҳавасмандсозии ҳамкориҳои сохторҳои тиҷоратии ҳарду […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Малайзия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) Абдул Азиз бин Ҳорун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сохтори зербиноӣ, нақлиёт, дорусозӣ, шарикии корхонаҳои хусусиву давлатӣ, сайёҳӣ, маориф ва ҳамчунин масъалаи ҳавасмандсозии ҳамкориҳои сохторҳои тиҷоратии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки Малайзия дар бахшҳои дар боло зикршуда аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, табодули таҷриба дар ин самтҳо барои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Абдул Азиз бин Ҳорун ба раиси ПСС ҶТ дар бораи ҳамоиши қарибулвуқӯъи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия дар моҳи июни соли 2014 дар Куала-Лумпур маълумот дода, изҳор намуд, ки бешубҳа ин чорабинӣ ба раванди таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сафир аз раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дархост кард, ки барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани ин чорабинӣ бо иштироки корхонаву ташкилотҳои пешрафтаи Тоҷикистон, ки ба ҳамкорӣ бо ҳамтоҳои худ дар Малайзия манфиатдоранд, мусоидат карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.