Узвияти беш аз 100 нафар донишҷӯёни ДМТ ба сафҳои ҲХДТ

Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ба 134 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои узвият ба ҳизбро супурд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни мулоқоти Сафар Сафаров бо донишҷӯён зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки ҲХДТ ба ҷавонон омӯзонидани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои олами мутамаддин […]

ASIA-Plus



Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ба 134 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои узвият ба ҳизбро супурд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни мулоқоти Сафар Сафаров бо донишҷӯён зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки ҲХДТ ба ҷавонон омӯзонидани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои олами мутамаддин мебошад, зеро дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда дар баробари ба ҷавонон талқин намудани эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ, омўхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар ниҳояти мулоқот С.Сафаров аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!»  муттаҳид гарданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.