Болоравии қурби расмии доллари ИМА дар Тоҷикистон

Аз 25 то 26-ум апрел қурби расмии доллари ИМА ногаҳон аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳ ёфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, санаи 25-ум  апрел қурби расмии 1 доллари ИМА-и аз ҷонби Бонки миллӣ муқаррашуда 4,8215 сомонӣ ва аллакай санаи 26-ум апрел бошад, 4,9214 сомониро ташкил додааст. Сабабҳои рӯйи кор омадани чунин қарор […]

Заррина Эргашева



Аз 25 то 26-ум апрел қурби расмии доллари ИМА ногаҳон аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳ ёфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, санаи 25-ум  апрел қурби расмии 1 доллари ИМА-и аз ҷонби Бонки миллӣ муқаррашуда 4,8215 сомонӣ ва аллакай санаи 26-ум апрел бошад, 4,9214 сомониро ташкил додааст.

Сабабҳои рӯйи кор омадани чунин қарор аз ҷониби Бонки миллӣ алҳол маълум нестанд ва худи БМТ низ онро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Аммо дар

посух ба саволҳои хабарнигори «Азия-Плюс

» дар робита ба қурби доллари ИМА, аз БМТ иттилоъ доданд, ки аз оғози сол то 21-уми апрели соли 2014 қурби бозории сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз 4,94 то 5,05 сомонӣ ё худ 2,2% коҳиш ёфтааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар минтақа мебошад.

Қурби евро низ ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфта, санаи 25 апрел – 6,6926 сомонӣ ва аллакай 26-уми апрел 6,8525 сомониро ташкил дод. Қурби расмии рубли русӣ ин рӯзҳо бетағйир боқӣ монда, ба 0,1258 сомонӣ барои 1 рубл баробар буд.

Арзиши бозории асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон санаи 28-уми апрел ба ҳисоби миёна 5,08 сомонӣ (фурӯш) ва 5,0625 (харид)-ро ташкил дод. Рӯзи 25-уми апрел ин нишондиҳандаҳои мутаносибан ба 5,0588 ва 5,0413 сомонӣ баробар буданд.

Ба ҳолати 28-уми апрел қурби аз ҳама баландтарини фурӯши доллари амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд – ба ҳисоби миёна 5,09 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб он ба ҳҳсоби миёна – 5,08, Душанбе – 5,07 ва Хоруғ – 4,97 сомониро ташкил дод.

Дар бозори байнибонкии асъорӣ имрӯз, 28-уми апрел қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА 5,0411 сомонӣ ва қурби харид – 4,9661 сомониро ташкил дод.

Имрӯз қурби бозории евро дар ҷумҳурӣ 6,89 сомонӣ (фурӯш) ва 6,86 сомонӣ (харид)-ро ташкил дод. Дар амалиёт бо рубли русӣ низ қурбҳо каме тағйир ёфта, имрӯз 10 рубли русӣ ба 1,4050 (фурӯш) ва 1,3950 (сомонӣ) баробар шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.