Кумаки Ҷопон ба бахши маорифу тандурустии шарқи ҷумҳурӣ

Йошиширо Хорие, котиби дуввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду маросими анҷом ёфтани лоиҳаҳо дар ноҳияҳои тобеъи марказ рӯзҳои 23 ва 24 апрели соли ҷорӣ ширкат варзид. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 24 апрел ӯ барои ҷашн гирифтани маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №3 […]

ASIA-Plus



Йошиширо Хорие, котиби дуввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду маросими анҷом ёфтани лоиҳаҳо дар ноҳияҳои тобеъи марказ рӯзҳои 23 ва 24 апрели соли ҷорӣ ширкат варзид.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 24 апрел ӯ барои ҷашн гирифтани маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №3 дар ҷамоати “Сангвор”-и ноҳияи Тавилдара» ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур зиёда аз 109 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳимматшо Ғайратов, раиси ноҳияи Тавилдара дар маросими мазкур ширкат варзида, миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур иброз намуд.     

Пеш аз амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур мактаби миёнаи рақами 3 аз норасоии ҷойи таҳсил танқисӣ мекашид. Аз ҳамин лиҳоз, аз 25 то 30 нафар хонанда дар як синфхона ба ҷойи 18 нафар хонандаи нақшавӣ таҳсил мекарданд. Аз ҳад зиёд пур будани синфхонаҳо барои таҳсили хонандагон мушкил эҷод мекард. Бо бунёд гардидани панҷ синфхонаи иловагии нав, муҳити таҳсил дар мактаби рақами 3 нисбатан беҳтар гардида, тамоми хонандагон аз он баҳра мегиранд.

Рӯзи 25-уми апрел Йошиширо Хорие дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони Маркази саломатӣ дар ҷамоати “Яхак-Юст”-и ноҳияи Нуробод» иштирок варзида, Саидамир Сиёмардов, раиси ноҳияи Нурободро бо анҷом расидани лоиҳа муборакбод гуфт. Барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур маблағи умумии 109,064 доллари ИМА ҷудо гардида буд

Тавассути бунёди иншооти нав ва беҳтар гардонидани таҷҳизоти тиббӣ ба воситаи лоиҳаи мазкур, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати Иззатулло Ҳалимов акнун имконият дорад, ки хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ ва сифатан бехтарро ба мизоҷон дастрас намояд. Таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди дастгоҳи ултрасадо, отоскопия ва офталмоскоп барои ташхис ва табобати боз ҳам хубтар дар бинои нав насб гардида, иқтидори умумии бунгоҳи тиббиро беҳтар мегардонад.       

Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 320 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $25,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.