Заҳролудшавии 16 муҳоҷири тоҷик дар Челябинск

Дар шаҳри Челябински Русия 16 муҳоҷири кории тоҷик ба иллати заҳролудшавии бадан дар бемористон бистарӣ шудаанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати ВКД-и вилояти Чклябинск, муҳоҷирон, коргарони корхонаи маснӯоти оҳаниву бетонии рақами 1 дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ қарор доранд. Онҳо шоми рӯзи 26-уми апрел бо аломатҳои бемории заҳролудшавии шадиди бадан ба бемористон оварда шудаанд. «Мақомоти […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Челябински Русия 16 муҳоҷири кории тоҷик ба иллати заҳролудшавии бадан дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати ВКД-и вилояти Чклябинск, муҳоҷирон, коргарони корхонаи маснӯоти оҳаниву бетонии рақами 1 дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ қарор доранд. Онҳо шоми рӯзи 26-уми апрел бо аломатҳои бемории заҳролудшавии шадиди бадан ба бемористон оварда шудаанд.

«Мақомоти пулис санҷиш гузаронида, сабабҳои заҳролудшавии оммавии шаҳрвандони хориҷиро таҳқиқ мекунад. Онҳо дар қаламрави корхона иқомат дошта, барояшон шароитҳои хуби маишӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми маҳсулоти ғизойӣ мутобиқи меъёрҳо дар яхдон нигаҳдорӣ мешаванд», – гуфта мешавад дар хабар.

Аз рӯи аломатҳои беморӣ табибон дарҳол хулоса кардаанд, ки онҳо заҳролуд шудаанд, лекин ба бемории дигар гирифтор шудани онҳо низ аз эҳтимол дур нест. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.