Музди меҳнати пасттарин миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маълумот дар бораи музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар моҳи феврали соли равонро интишор намуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнати пасттарин миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 175 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки тайи шаш соли ахир музди меҳнати […]

ASIA-Plus



Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маълумот дар бораи музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар моҳи феврали соли равонро интишор намуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнати пасттарин миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 175 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки тайи шаш соли ахир музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб 4 баробар (аз 215 сомонии моҳи феврали соли 2008 то 820 сомонӣ дар моҳи феврали соли 2014) афзудааст.

Дар ин моҳ музди меҳнати аз ҳама баландтарин дар Русия – 820 доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Қазоқистон – 575 $, Озарбойҷон – 545 $, Белорус – 540 $, Арманистон – 380 $, Украина – 355 $, Молдова – 275 $ ва Қирғизистон – 200 $-ро ташкил додааст. Дар бораи музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар моҳи феврали соли равон дар Ӯзбекистону Туркманистон маълумот дода намешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.