Дар Душанбе дастовард ва мушкилоти озодии ВАО баррасӣ мешавад

Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот рӯзи 3-юми май дар Душанбе таҳти унвони «Озодии ВАО дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои журналистии ватанӣ ва як қатор намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ бо дастгирии […]

Аваз Юлдошев



Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот рӯзи 3-юми май дар Душанбе таҳти унвони «Озодии ВАО дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои журналистии ватанӣ ва як қатор намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, филиали Интернюс Нетворк дар ҶТ ва намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 100 нафар роҳбарон ва намояндагони ВАО, мутахассисон ва коршиносони расонаҳои хабарӣ, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.

Ба қавли Шарифзода, ҳадаф аз созмон додани конфронс таҳлили дастовардҳову мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и Тоҷикистон тайи соли ахир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар ҷумҳурӣ аст.

Дар конфронс оид ба мавзӯъҳои «Чолишҳои муосир дар бахши озодии матбуот» ва «Парвандаҳои судӣ нисбати ВАО: оқибатҳо ва тавсияҳо» маърӯзаҳо шунида шуда, атрофи ин масоил табодули назар сурат мегирад ва тавсияҳо омода мешаванд.

Аксари идораҳои ВАО-и ҷумҳурӣ пешниҳоди созмонҳои журналистӣ дар бораи баргузории иқдоми Лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири ёдбуди журналистони қурбоншуда дар роҳи расидан ба озодии баён дар Тоҷикистонро дастгирӣ карданд. Пешниҳод шудааст, ки рӯи 3-юми май соати 09-45 дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва радиову телевизионҳои маҳаллӣ Лаҳзаи (дақиқаи) хомӯшӣ эълон карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.