Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» баррасӣ мешавад

Имрӯз дар Душанбе аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» муаррифӣ шуд. Лоиҳаи қонуни мазкурро кормандони Вазорати адлия, Дастгоҳи иҷроияи президент ва вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия намудаанд. Дар маросими муаррифӣ таҳиягари лоиҳаи қонун аз Вазорати адлия Абӯбакр Иномов иттилоъ дод, ки медиатсия шакли алтернативии баррасии судӣ аст. «Ин додрасест, […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Душанбе аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» муаррифӣ шуд. Лоиҳаи қонуни мазкурро кормандони Вазорати адлия, Дастгоҳи иҷроияи президент ва вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия намудаанд.

Дар маросими муаррифӣ таҳиягари лоиҳаи қонун аз Вазорати адлия Абӯбакр Иномов иттилоъ дод, ки медиатсия шакли алтернативии баррасии судӣ аст. «Ин додрасест, ки новобаста аз мақомоти судӣ парванда нисбати ноболиғро баррасӣ мекунад. Агар ҷонибҳо ба созиш расанд, медиатор дар робита ба оштии ҷонибҳо қарор содир мекунад. Ин қарор ба мақомоти судӣ фиристода шуда, бо ҳамин парванда нисбати ноболиғ қатъ мегардад», – шарҳ дод Иномов.

Ба гуфтаи ӯ, медиатор ҳамчун ташкилотест, ки бояд мустақилона кор кунад ва барои фаъолияти он аз ҷониби давлат маблағ ҷудо намегардад, аз ин рӯ, маблағи ин кор аз ҷониби тарафҳо пардохт карда мешавад.

Иномов зикр кард, ки ниҳоди медиатсия ҳамчун сохтори мустақил аз мақомоти давлатӣ пешбинӣ мешавад. «Аммо дар ҷойи холӣ чизеро бунёд кардан ғайриимкон аст. Дар ин робита дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ тасмим гирифта шуд, ки пас аз қабули қонун баъди ду сол гузариш сурат гирифта, мақомоти ҷудогона таъсис дода мешавад. Дар ин вақт ба масъалаҳои омодагӣ бояд Вазорати адлия машғул шавад. Шояд дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия курсҳои омодакунии медиаторҳоро ташкил намоем», – қайд кард Иномов.

Гулчеҳра Раҳмонова, намояндаи «Маркази ҳуқуқи инсон» зикр кард, ки омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо дар қабули ин қонун муҳим аст. «Ин қонун дар Гурҷистон хеле хуб мавриди амал қарор дорад. Шаҳрвандони оддӣ, ки дар ҷомеа соҳиби мақоми муайяне ҳастанд, медиатор шуда, масъалаи ҷуброни зарари моддӣ метавонад бо ҷалби кӯдакон ба ягон навъи кор ҳал шавад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ахиран шумори ҷиноятҳо миёни ноболиғон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ба гунаи мисол, агар соли 2011 шумори ҷиноятҳо миёни кӯдакон ва наврасон 545 ҳодисаро ташкил дода бошад, пас соли 2012 шумори онҳо ба 625 ва соли 2013 ба 726 далел расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.