Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин



Давоми рӯзҳои 11-17-уми май дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ Тиловат Шоева хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков сарварӣ мекунад.

«Ҳайати Тоҷикистон аз 41 нафар, раққосаҳои ансамбли рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, сарояндагони шинохта Шуҳрат Сайнаков, Меҳринигор Рустамова, Нигора Холова, Миралӣ Достиев, Сурӯш Холов ва устодони мусиқии халқӣ иборат аст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин намояндагони ҷумҳурӣ барномаҳои консертӣ намоиш дода, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо барпо мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное