Давраи омӯзишии КБСС барои пизишкони бахши кумакҳои фаврӣ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои фаврӣ барои осебдидагон баргузор мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 13 то 15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар иттилоияи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон омӯзиши […]

ASIA-Plus



Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои фаврӣ барои осебдидагон баргузор мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 13 то 15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар иттилоияи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон омӯзиши иқдомоти фавриятии пизишкӣ барои 20 пизишки бахши фавриятӣ баргузор хоҳад шуд. Омӯзандагони сатҳи ҷаҳонӣ аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, ки дар арсаи ироаи кумакҳои аввалияи тахассус доранд, меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморонро омӯзиш хоҳанд дод. Ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст.

Гуфта мешавад, баргузории ин омӯзиш бо мусоъидати фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ дар робита бо созмондиҳӣ имконпазир шуд.

 Ҷулӣ Курӣ, намояндаи бахши беҳдошти КБСС гуфтааст: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу тақвияти дониш ва маҳоратҳои мутахассисон аст, ки дар бахши кумакҳои фавриятии пизишкӣ кор мекунанд».

Зимнан зикр мегардад, ки барномаи ин давраи омӯзишӣ аз муҳимтарин масоил ва ҷанбаҳои ироаи кумакҳои фавриятӣ, бавижа дар шароити майдонӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.