Академияи ҲНИТ ба шуъбаи илм ва кор бо уламо табдил ёфт

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷойи Акдемияи худ шуъбаи илм ва кор бо уламоро боз намуд. Худи Академия ҳанӯз соли гузашта бо талаби Вазорати адлия фаъолияташро қатъ карда буд, зеро тибқи оиннома, ҳизбҳо ба роҳандозии фаъолияти Академия дар назди худ ҳуқуқ надоранд. Академияи ҲНИТ соли 2011 таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ мунтазам семинарҳои […]

Меҳрангез Турсунзода



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷойи Акдемияи худ шуъбаи илм ва кор бо уламоро боз намуд. Худи Академия ҳанӯз соли гузашта бо талаби Вазорати адлия фаъолияташро қатъ карда буд, зеро тибқи оиннома, ҳизбҳо ба роҳандозии фаъолияти Академия дар назди худ ҳуқуқ надоранд.

Академияи ҲНИТ соли 2011 таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ мунтазам семинарҳои омӯзишӣ доир мекард. Дар сомонаи расмии ҲНИТ як гӯшаи махсусе мавҷуд буд, ки намояндагони Академия ба саволҳои марбут ба масоили динии корбарони сомона посух мегфтанд. Дар давраи сипаришуда ба беш аз ҳазорҳо савол посух гуфта шуда, даҳҳо семинарҳо созмон дода шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси шуъбаи нав Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, акнун шуъбаи нав комилан аз фатво додан ё семинар баргузор намудан даст кашида, танҳо бо уламои кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нома ба раҳбарияти ҲНИТ муроҷиат намуда, ишора кард, ки ҳизб ба роҳандозии фаъолияти муассисаи таълимие чун Академия дар назди худ ҳуқуқ надорад.

Аъзои ҲНИТ ин амалро ба аз ҷониби намояндагони Академия гоҳ-гоҳ содир шудани фатво марбут медонанд. Кумитаи умури дин чандин маротиба таъкид дошт, ки ба содир намудани фатво танҳо мақомоти ваколатдор – Шӯрои уламо ҳуқуқ дорад. Мувофиқи Оиннома, ҲНИТ ба роҳандозии маркази илмӣ дар назди ҳизб ва баргузории таҳқиқот ҳуқуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.