Раҳбарияти «Нахуст Лизинг» аз пардохти 4,3 млн. $ ба давлат саркашӣ кардааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия раҳбарияти ширкати лизингии «Нахуст Лизинг»-ро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади даст кашидан аз пардохтҳои гумрукӣ муттаҳам медонад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, Мирзоев А.Ш. дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати лизинги «Нахуст лизинг» кор карда, ҳамчун роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия раҳбарияти ширкати лизингии «Нахуст Лизинг»-ро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади даст кашидан аз пардохтҳои гумрукӣ муттаҳам медонад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, Мирзоев А.Ш. дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати лизинги «Нахуст лизинг» кор карда, ҳамчун роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои идоравии худ бо дигар шахсони масъул маслиҳати пешакӣ менамояд ва бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни анҷоми расмиёти ҳавопаймои «Боинг 757-200 ER» Мирзоев аз пардохти маблағҳои ҳатмии давлатӣ саркашӣ кардааст. Таъкид мешавад, ки дар натиҷа ба давлат зарари бузурги молӣ расонида шудааст.

Дар ҷараёни санҷиши кормандони Агентӣ ва аудиорони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ошкор шудааст, ки раҳбарияти ширкати «Нахуст Лизинг» маблағи пардохти гумрукӣ дар ҳаҷми ҳудуди 21 млн. сомонӣ (зиёда аз 4,3 млн. доллари ИМА)-ро рӯйпӯш сохтааст.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба молу мулки ҶСП ШЛ «Нахуст Лизинг» – 2 адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-400» ҳабс гузошта шуд.

«Дар рафти тафтиши пешакӣ дар ҳамбастагии зич бо кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумат, ширкати «Нахуст Лизинг» зарари молиявии расонидашуда дар ҳаҷми 20 млн. 812 ҳазору 688,82 сомониро ба буҷети давлат баргардонид», – зикр мегардад дар иттилои Агентӣ.

Ширкати лизингии «Нахуст Лизинг» дар назди ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» соли 2004 бо қарори раёсати бонки мазкур таъсис дода шуд, ки раиси он соҳибкори маъруфи тоҷик Тоҷиддин Пирзода мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.