Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки ба фаъолияти «Салафия» роҳ надиҳанд

Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Шафоатов изҳор дошт, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба фаъолияти ҷараёни мазҳабии салафия роҳ надиҳанд, зеро он рӯз то рӯз густариш ёфта, минбаъд   метавонад аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро истифода гардад ва ба амну суботи кишвар хатар эҷод намояд. «Салафиён тарзи хоси эътиқод […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Шафоатов изҳор дошт, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба фаъолияти ҷараёни мазҳабии салафия роҳ надиҳанд, зеро он рӯз то рӯз густариш ёфта, минбаъд

 

метавонад аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро истифода гардад ва ба амну суботи кишвар хатар эҷод намояд.




«Салафиён тарзи хоси эътиқод ба дину мазҳаб ва ҳаётро талқин месозанд ва то ҳол ба ҳеҷ амали ғайриқонуние даст назадаанд, – гуфт ӯ. – Аз нуқтаи назари маънавият ва ахлоқ ин ҷараён мӯҷиби хатар ба амнияти кишвар шуда метавонад, зеро имрӯзҳо аксари ҷавонон ба он пайваст мешаванд».



Мавсуф зикр кард, ки айни замон Шӯрои ҳамоҳангсози назди Додситонии кулл фаъолияти ин ҷараёнро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст.



Дар нишасти матбуотии ахир додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов чунин изҳори ақида намуд, ки «агар даст доштани салафиҳо дар фаъолияти зиддиконститутсионӣ собит гардад», додситонӣ ҷиҳати манъи фаъолияти он ва ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро дохил кардани ин ҷараён ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат хоҳад кард.



Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён шомили ин ҷараёнанд, ки роҳбарии онро Муҳаммади Раҳматулло ба дӯш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.