Раиси пойтахт муовинонашро ба вохӯрӣ бо аҳолӣ вазифадор кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ба гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии микрорайонҳо рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа то 31-уми август вазифадор намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар вохӯриҳое, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда соати 8-и субҳ доир мегарданд, ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрдорӣ […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ба гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии микрорайонҳо рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа то 31-уми август вазифадор намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар вохӯриҳое, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда соати 8-и субҳ доир мегарданд, ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекунанд.

«Муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев бо аҳолии ноҳияи Сино, муовинон Руқия Қурбонова бо аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Низом Ҳакимов бо аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Мансуров бо сокинони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ доир мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин вохӯриҳо мушкилоти аҳолӣ баррасӣ шуда, мувофиқи имкон ҷиҳати ҳалли онҳо дар ҳамон маҳал чораҷӯӣ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.