ХБА сустшавии суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Дар робита ба дурнамои суст шудани суръати афзоиши иқтисод дар Русия, Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) тақвияти хатарҳо барои иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад. Дар гузориши моҳи майи Хазина «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ» зикр мегардад, ки дар робита афзоиши хатарҳо барои кишварҳое, ки бозорҳояшон дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ҳоли ташаккулёбианд, хатарҳо барои пешгӯии суръати […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар робита ба дурнамои суст шудани суръати афзоиши иқтисод дар Русия, Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) тақвияти хатарҳо барои иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши моҳи майи Хазина «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ» зикр мегардад, ки дар робита афзоиши хатарҳо барои кишварҳое, ки бозорҳояшон дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ҳоли ташаккулёбианд, хатарҳо барои пешгӯии суръати афзоиши иқтисод тақвият меёбанд.

«Дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ (бахусус дар Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ва кам шудани маблағгузориҳои лоиҳавӣ (масалан, дар Тоҷикистон) хатари асосӣ барои минтақа дар минбаъд бад шудани дурнамои рушди иқтисодӣ дар Русия ифода меёбад, ки ба сустшавии рушд дар аксари кишварҳои минтақа боис шуда метавонад», – қайд мекунанд таҳлилгарони ХБА.

Мувофиқи пешгӯиҳои нави Хазина, аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми афзоши ММД-и воқеии Тоҷикистон – 6,2%-ро ташкил дода, соли 2015 то 5,7% поин меравад. Соли 2014 мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар 5,4% ва соли 2015 – 5,9%-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта коршиносони ХБА ҳаҷми афзоиши ММД-и воқеъии Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи 6,7% ва мизони таваррумро – 7,5% пешгӯӣ карда буданд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр мегардад, ки «дар Тоҷикистон бар асари қарздиҳии мақсаднок вазъи бонкҳои бузург бад шуд».

Коршиносони ХБА қайд мекунанд, ки дар минтақа дар маҷмӯъ аз суст шудани суръати афзоиши иқтисод аз 6½% дар соли 2013 то 6% дар соли 2014 интизорӣ меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.