То 25 май шомгоҳон ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт маҳдуд мешавад

Шурӯъ аз шоми имрӯз то 25-уми май аз соати 18 то 23 ҳаракати нақлиёт дар майдони марказии пойтахт – «Дӯстӣ» манъ карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин вақт дар майдон машқи гузашти низомии ахири моҳи май […]

Аваз Юлдошев



Шурӯъ аз шоми имрӯз то 25-уми май аз соати 18 то 23 ҳаракати нақлиёт дар майдони марказии пойтахт – «Дӯстӣ» манъ карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин вақт дар майдон машқи гузашти низомии ахири моҳи май пешбинишуда ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ин гузаштаи низомӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ба гузашти низомӣ фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев сарварӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.