Консерти бахшида ба Рӯзи байнулмилалии оила дар Душанбе

Нимаи аввали имрӯз дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии оила консерт барпо мешавад. Табъи сокинону меҳмонони пойтахтро гурӯҳҳои ҳунарии «Шамс» ва «Парем», овозхонон Юлия Багданавичуте ва Аброр Назаров болида мегардонанд. Дар доираи консерт ҳамчунин баргузории озмунҳои гуногун дар назар аст. Чорабинӣ бо дастгирии Лоиҳа оид ба пешгирии хушунат дар оила, ки […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали имрӯз дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии оила консерт барпо мешавад.

Табъи сокинону меҳмонони пойтахтро гурӯҳҳои ҳунарии «Шамс» ва «Парем», овозхонон Юлия Багданавичуте ва Аброр Назаров болида мегардонанд. Дар доираи консерт ҳамчунин баргузории озмунҳои гуногун дар назар аст.

Чорабинӣ бо дастгирии Лоиҳа оид ба пешгирии хушунат дар оила, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудаву онро Филиали ГОПА дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазору 194 ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо бба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 586 ҳодиса бештар мебошад. Дар ҳамин ҳол, соли 2013 дар Тоҷикистон 7444 далели никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 352 далел камтар аст.

Дар Кумитаи кор бо занон в аоилаи назди ҳукумати ҶТ мутамаинанд, ки тамоили ҷудошавии оилаҳо бештар миёни оилаҳои ҷавон ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосӣ сатҳи нокофии маърифатнокии занон ва муҳоҷирати кории мардон унвон мешаванд.

Рӯзи байнулмилии оилаҳо (International Day of Families) ҳамсаола санаи 15-уми май ҷашн гирифта шуда, соли 1993 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ таъсис дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.