Сафорат тоҷикони Пушкиноро ба ҳушёрӣ даъват мекунад

– Ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯйдодҳо дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ангезаи сиёсӣ додану сухан гуфтан бобати дар натиҷаи адовати миллӣ кушта шудани мухлиси футбол лозим нест, – гуфт ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод. «Ин як муноқишаи оддӣ миёни ду ҷавон аст, ки ба марге яке аз онҳо анҷомид», – […]

ASIA-Plus



– Ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯйдодҳо дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ангезаи сиёсӣ додану сухан гуфтан бобати дар натиҷаи адовати миллӣ кушта шудани мухлиси футбол лозим нест, – гуфт ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод.

«Ин як муноқишаи оддӣ миёни ду ҷавон аст, ки ба марге яке аз онҳо анҷомид», – мегӯяд ӯ. –  Гузашта аз ин, шахси ин ҷиноятро содиркарда боздошт ва дар сурати аз ҷониби суд исбот шудани гуноҳ, ӯ муҷозот мешавад. Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки ӯ шаҳрванди Ӯзбекистон аст ва акнун дар ВАО оид ба муҳоҷирон маълумоти манфӣ паҳн карда мешавад, ки вазъ дар ҷомеаро каме ноором месозад».

Ба қавли ӯ, аз вазъи мушкил дар шаҳри Пушкино дар сафоратхона огоҳанд. «Мо мунтазам бо шаҳрвандонамон, бахусус бригадирони онҳо дар майдони сохтмон дар тамосем. Ҳамчунин огаҳем, ки бозоре, ки дар он бештар зодагони Қафқозу Осиёи Марказӣ фаъолият доштанд, баста аст. Кормандони масъули Хадамоти консулгарӣ ҳар гоҳ бо мақомоти пулиси шаҳри Пушкино дар тамос мешаванд, то ки аз вазъи муҳоҷирон дар ин шаҳр огоҳ гарданд. Сардори басти пулиси шаҳр майор П.П. Школа хабар дод, ки маълумот дар бораи гӯё шикори муҳоҷирони корӣ ва кушта шудани муҳоҷирони тоҷик асоси воқеӣ надорад», – изҳор дошт Эгамзод.

Номбурда таъкид дошт, ки сафоратхона рӯйдодҳо атрофи ин қазияро пайгирӣ дошта, доимо бо мақомоти интизомӣ дар робита аст.

«Ба ҳар ҳол, боисрор аз ҳамдиёрони муқими ин минтақа хоҳиш мекунем, ки бидуни зарурати таъҷилие аз кӯча баромадан худдорӣ кунанд. Дар сурати лозим шудани кумаки мо, метавонанд ба телефонҳои зерин занг зананд: 8(495) 690-4186, 690-61-02 ва 690-38-46. Навбатдорони сафоратхона муддати тамоми шабонарӯз кор мекунанд», – афзуд Эгамзод.

Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон дар бораи

ҳамлаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик

дар шаҳри Пушкино хабар дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.