Ҳалокати тоҷики 27-сола дар ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Челябинск

Зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Шокирҷон Шарифови 27-сола дар ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Челябинск вафот кард. Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҷасади ҳалокшуда ба мурдахона (морг)-и шаҳри Челябинск оварда шуда, айни замон ташхисгарон сабаби марги ӯро таҳқиқ доранд. «Сафорат бо сохторҳои дахлдори Русия мунтазам дар тамос буда, ба консулгарии Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus



Зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Шокирҷон Шарифови 27-сола дар ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Челябинск вафот кард.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҷасади ҳалокшуда ба мурдахона (морг)-и шаҳри Челябинск оварда шуда, айни замон ташхисгарон сабаби марги ӯро таҳқиқ доранд.

«Сафорат бо сохторҳои дахлдори Русия мунтазам дар тамос буда, ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, намояндагии Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҷиҳати минбаъд ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дастур супоришҳо дода шуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар вилояти Челябинск Исломиддин Раҷабов,  таҳқиқи сабабҳои фавти Ш.Шарифов то ҳанӯз идома доштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.