Ҳудуди 36 ҳазор евро кумаки Комиссияи Аврупо ба осебдидагон аз обхезиҳо дар Тоҷикистон

Саридораи Комиссияи Аврупо бо номи ЭКО, ки оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом кор мекунад, тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон дар ҳаҷми 35 ҳазору 959 евро маблағ чудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид […]

ASIA-Plus



Саридораи Комиссияи Аврупо бо номи ЭКО, ки оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом кор мекунад, тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон дар ҳаҷми 35 ҳазору 959 евро маблағ чудо кард.

Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуда буд, қабул шуд.

Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маблағи мазкурро гирифта барои зарардидагон сарф хоҳад кард то мардумро бо оби нӯшокӣ ва объектҳои санитарӣ таъмин намояд. Ғайр аз ин, тақрибан 200 хонавода, аз ҷумла оилаҳои сарварашон зан мебошад, маводҳои бистар, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз мегиранд. Инчунин, бо мақсади пешгирии касалиҳои аз об гузаранда, ки одатан дар вақти селобу обхезӣ рӯй медиҳанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таълими қоидаҳои гигиенаи одӣ гузаронида мешаванд.

Тоҷикистон дар муқобили офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст. Қариб ҳар сол инҷо селу ярчҳо зарба мезананд. Тавассути барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад. Чанде пеш, ЭКО инчунин ба мардуме, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои баъди 1990 ва ҳамчунин аз зимистони каҳратуни соли 2012 азият кашид, кӯмаки башардӯстона ва озуқаворӣ дареғ надонист. Маблағи умумии кӯмаки Комиссияи Аврупо, ки аз соли 1993 ин ҷониб ба Тоҷикистон пешкаш шуда буд, қариб ба 180 миллион евро баробар аст.

Миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи боронҳои сахт дар якчанд ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон селобҳо ва ярчҳо фаромаданд. Ин боиси марги беш аз 15 нафар ва зарари ҳазор нафарҳо гардид. Тақриби 100 гектари замини кишт ва чорвои зиёд ҳайф шуд. Инчунин, дар вилояти Хатлон баъзе хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд. Офатҳои мазкур мардумро маҷбур сохтанд, ки дар хаймагоҳҳои муваққатӣ паноҳ ёбанд. Чун манбаъҳои обтаъминкунӣ ва хоҷатхонаҳо дар натиҷаи ярчфароӣ зери хок монданд, мардум ҳоло мӯҳтоҷи оби нӯшокӣ ва шароити санитарӣ ҳастанд. Инчунин, зарардидагон дар асбобҳои пухтупаз, кӯрпача ва бастачаҳои беҳдоштӣ ниёз доранд.

Байни ЭКО ва ФБСС созишномае барои соли 2014 ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад. Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои хурд истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода дар соли 1985 таъсис ёфта аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулода пур гардида ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.