Овозхонони тоҷик ба ҷоизаи Big Apple Music Awards шарафёб гаштанд

Овозхонони тоҷик – хоҳарон Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Баҳром Ғафурӣ ба ҷоизаи Big Apple Music Awards шарафёб гаштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» продюсер Беҳрӯз Зеваров дар ин робита иттилоъ дод, шартҳои интихоб аз маъруфияти сарояндагон дар дохил ва хориҷи кишвар, шумораи албому клипҳои таҳияшуда, муҳлатҳои нав шудани репертуар ва тамошои клипҳо тариқи YouTube иборат буданд. […]



Овозхонони тоҷик – хоҳарон Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Баҳром Ғафурӣ ба ҷоизаи Big Apple Music Awards шарафёб гаштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» продюсер Беҳрӯз Зеваров дар ин робита иттилоъ дод, шартҳои интихоб аз маъруфияти сарояндагон дар дохил ва хориҷи кишвар, шумораи албому клипҳои таҳияшуда, муҳлатҳои нав шудани репертуар ва тамошои клипҳо тариқи YouTube иборат буданд. «Беҳтаринҳоро ҳайати ҳакамони Big Apple Music Awards муайян карда, овозҳои ҳаводорон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба инобат гирифта шуданд», – гуфт Зеваров ва илова намуд, ки Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки дар ин чорабинӣ ширкат меварзад.

Ба қавли продюсери овозхонон, ба Шабнами Сурайё ҷоизаи алмос супурда шуда,  Фарзонаи Хуршед ба ҷоизаи беҳтарин сароянда миёни занон дар Тоҷикистон ва Баҳром Ғафурӣ ба ҷоизаи беҳтарин овозхон миёни мардон сазовор дониста шудаанд. Фаридуни Хуршед дар чорабинӣ ба сифати меҳмони даъватшуда ҳузур дошт.

Ҷоизаи Big Apple Music Awards аз соли 2008 тақдим карда мешавад. Номи ҷоиза аз лақаби меҳрубононаи шаҳри Ню-Йорк, ки сокинонаш онро навозишкорона Big Apple меноманд, гирифта шудааст. Маросими тақдими ҷоизаҳо маҳз дар ҳамин шаҳр доир мегардад.

Муассисони ҷоиза шабакаи телевизионии амрикоии Эридуни ТиВи мебошад. Пахши барномаҳои ин шабака ба мусиқии мардуми Қафқоз ва Осиёи Миёна мутамарказ шуда, аммо тайи 6 соли ахир минтақаи фарогири дорандагони ин ҷоиза хеле васеъ шуда, акнун ба ҷуз Қафқозу Осиёи Миёна, он Эрон, Туркия ва Шарқи Наздикро ҳам дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".