Муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, муноқиша шоми рӯзи 30-юми май дар қаламрави маҳаллаи 91-ум миёни толибилмони мактабҳои №66 ва №94 ба вуқӯъ пайвастааст. Муноқишаи лафзӣ ва афтударафт ба кордзанӣ бадал шуда, дар натиҷаи ҷароҳати расида аз зарбаи корд хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 66 ҳалок шудааст. Тибқи баъзе маълумот, қабл аз муноқиша ин ду хонанда дар яке аз шабаакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс пардохта будаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз рӯйи ин далел нуҳ нафар хонандагони мактабҳои гуногуни пойтахт ва ҳамчунин сокини 19-солаи шаҳри Душанбе Баҳрулло Асоев боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур имрӯз вазири маориф Нуриддин Саидов ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки директорони мактабҳо ва хонандагон дар мактаби рақами 64 маҷлис гузаронидаанд.



