Анонс
– Дар Душанбе иҷлосияи сеюми машваратҳои ҳамасолаи Тоҷикистону ИМА идома меёбад. Ҳайати ИМА-ро ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Десаи Бисвал сарварӣ мекунад;
– Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи IV-уми байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон бо дасти Туркия қуввваозмоӣ мекунад;
– Аз соати 09-00 то 17-00 дар ошёнаи дуюми бинои «Душанбе-Плаза» интернет-магазини «FUNтазия» намоишгоҳ-фурӯши такрории ороишоти ғайримуқаррариро барпо мекунад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9066
сомонӣ;
1
евро –
6.8407
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.14
10
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи иди касбии кормандони савдо, хизматгузории маишӣ ва манзилию коммуналӣ.
1956
– Мавриди истифода қарор гирифтани канали Дилварзин.
2003
— Дар Душанбе мурофиаи судӣ нисбат ба раиси ИҶ «Душанбе-Лоҷистик» – шаҳрванди Италия Иво Тониут ба итмом расид.
2012
— Намояндагони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон бо шахрвандони тоҷик – маҳбусони зиндони «Пули Чархӣ»-и ин кишвар вохӯрданд.
1909-1989
– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳим Ҷалил.
1936
– Мавлуди доктори улуми филология, профессор Аҳмад Абдуллоев.
1945
– Зодрӯзи нависанда Маъруфи Бобоҷон.
1962
— Мавлуди вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобоев.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар
вилояти
Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +14+19.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +16+21.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +18+23; дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +6+11.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.



