Раҳмон ва Бисвал дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ карданд

Рӯзи 2-юми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои  сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана […]



Рӯзи 2-юми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои  сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, хусусан ба дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.

Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз нерӯҳои байналмилалӣ дар умури таҳкими эътидоли иҷтимоию сиёсӣ дар Афғонистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон аз номи роҳбарияти кишвари худ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.