Дархости ширкати Малайзия оид ба тағйири консессияи шартномаи МБГ «Шӯроб»

Ширкати HOS International Trading SDN BHD-и Малайзия бо пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)—и Шӯроб ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кард. Барои гуфтушунид доир ба ин масъала ҳайти ширкат таҳти сарварии роҳбари ширкат Субраманиан Ратнавелу ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи […]



Ширкати HOS International Trading SDN BHD-и Малайзия бо пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)—и Шӯроб ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кард. Барои гуфтушунид доир ба ин масъала ҳайти ширкат таҳти сарварии роҳбари ширкат Субраманиан Ратнавелу ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, ҳадафи ташрифи ҳайат аз баргузор намудани гуфтушунид бо роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб», ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD» ба имзо расонида шудааст, иборат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз тағйирот даровардан ба Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» ин боз ҳам мустаҳкам намудани шакли ҳуқуқӣ, техникӣ ва устувории маблағгузории он мебошад.

Зикр мегардад, ки Шартномаи мазкур байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD» ҳанўз 25 октябри соли 2013 ба имзо расида, муносибатҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-ро дар доираи татбиқи лоиҳае, ки дар доираи он азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад. Шартнома тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ ва танзим карда мешавад.

Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» бо иқтидориистеҳсоли 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.

Татбиқи Лоиҳа барои ҷалби сармоягузории мустақим ба соҳаи энергетикаи кишвар ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар бо барқ, рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар назар аст, ки бо назардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК «Ангишт» ва ба фаъолият шурӯъ намудани МБГ «Шӯроб» то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Мутобиқи шартномаи мазкур ба ширкати консессиядор танҳо ҳуқуқи идоракунии ҶСШК «Ангишт»-ро дар давоми муҳлати татбиқи лоиҳа ба даст оварда уҳдадор мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои худ иқтидору инфрасохтори истеҳсолии корхонаро барқарор ва азнавсозӣ намояд. Ин имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти кони Шӯроб то ҳаҷми барои истифодабарии МГБ зарурӣ расонида шавад. Ангишти аз ҷониби ҶСК «Ангишт» истихроҷшуда дар навбати аввал барои эҳтиёҷоти МБГ «Шӯроб» дар асоси шартномаҳои байни ҶСК «Ангишт» ва Ширкати лоиҳавӣ таҳвил мешавад.

Ҳамзамон лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқ намудани Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD» таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор манзур карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.