Дар ноҳияи Ҳисор мадрасаи ғайриқонуние ошкор карда шуд, ки ба гуфтаи толибилмонаш, дар он кӯдакон аз ҷониби омӯзгор мавриди лату кӯб қарор мегирифтаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни рейди навбатӣ кормандони шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Ҳисор як мадрасаи ғайриқонуниеро ошкор кардаанд, ки ба Ҳакималӣ Низомов, маъруф ба Қорӣ Абдудҳаким тааллуқ доштааст.
«Ахиран дар мадрасаи воқеъ дар хонаи сеошёна ҳудуди 80 нафар кӯдакони синни аз 3 то 18-сола таҳсил мекардаанд, ки дар як моҳ барои таҳсил ба Қорӣ Абдулҳаким 300 сомонӣ маблағ пардохт мекардаанд. Ҳамин тариқ, даромади моҳонаи Қорӣ Абдулҳаким 10-12 ҳазор сомониро ташкил медод», – гуфтанд дар КДАМ.
Дар
навори видеоӣ
, ки дар YouTube гузошта шудааст, толибилмони мадрас аз чӣ гуна мавриди лату кӯб қарор гирифтанашон аз ҷониби муаалимашон ҳикоя мекунанд. Кӯдакон аз бо ресмон бо сарашон ба пойн овезон кардан, ба онҳо гузаронидани ҷараёни шиддати барқ шикоят мекунанд. Дар навори видеоӣ кӯдакон дасту рӯй ва дигар узвҳои баданашон бо осори захму лату кӯбро нишон медиҳанд.
Аз КДАМ хабар доданд, ки соли 2004 Ҳакималӣ Низомов ҷиҳати ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар назди масҷиди ҷомеъи Ҳисор аз Маркази исломии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, бо суистеъмол аз он, ба омӯзиши кӯдакон дар хона шурӯъ кардааст. Мақомоти дахлдор соли 2007 аз ин далел огоҳ гардида, фаъолияти мадрасаро боздоштаанд ва ҳамчунин Низомовро дар ҳаҷми 7 нишондиҳандаи ҳисоб ҷарима кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон нисбат ба Низомов мутобиқи моддаҳои 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола), 117 (Азобу уқубат) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



