Муассисаҳои динии Тоҷикистон навори видеоии «Нури Наҳзат»-ро маҳкум карданд

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон наворҳои видеоии шабакаи телевизионии «Нури Наҳзат»-ро маҳкум намуда, онро бадахлоқӣ унвон кард. Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол Кумита наворҳои видеоиро ташхис накардааст, вале ҳам Кумита ва ҳам Маркази исломӣ паҳнкунии ба ин […]

Меҳрангез Турсунзода



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон наворҳои видеоии шабакаи телевизионии «Нури Наҳзат»-ро маҳкум намуда, онро бадахлоқӣ унвон кард.

Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол Кумита наворҳои видеоиро ташхис накардааст, вале ҳам Кумита ва ҳам Маркази исломӣ паҳнкунии ба ин монанд наворҳоро маҳкум мекунанд.

«Паҳн кардани наворҳои видеоии бадахлоқона ба қонунгузории Тоҷикистон мухолиф аст», – зикр кард А.Муқим.

Қобили зикр аст, ки тайи ним соли ахир дар видеохостинги Youtube аз ҷониби студияи «Нури Наҳзат» наворҳои видеоӣ гузошта мешаванд, ки дар онҳо рафтори бадахлоқонаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танқид мешавад. Навори видеоии ахир рӯзи 3-юми июн интишор шуд.

Дар ин навор бо номи

«Ҷодугари панҷакентӣ»

имомхатиби деҳаи Майкада ба амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ва қаллобӣ иқрор мешавад.

Дар сабти видеойӣ наворҳое мавҷуданд, ки дар он духтари ҷабрдида аз амалҳои мулло Асадулло Каримов дар бадани худ навиштаҷот бо забони арабиро нишон медиҳад ва ба гуфтаи мулло, ин навиштаҷот бо мақсади гарм кардани дӯстдоштаи духтар навишта шудаанд. Худи ҷабрдида ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна ӯ фиреб хӯрда, мавриди амалҳои зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.