Овозхони маъруфи тоҷик Парвизи Назаров, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад, ба Ҷоизаи III-уми мусиқии Авруосиё – ЕМА-2014 пешбарӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи ЕМА, барои соҳибият ба ин ҷоиза ҳудуди 100 нафар сарояндагон аз рӯи 10 номинатсия пешбарӣ шудаанд.
Парвиз Назаров бо суруди «Оре, Оре» бо забони тоҷикӣ ба номинатсияи «Беҳтарин клипи видеойӣ» ва бо суруди «Снег» бо забони русӣ ба номинатсияи «Беҳтарин сароянда» пешбарӣ гардидааст. Дар ин ду номинатсия ҳамроҳи ӯ беш аз 20 нафар сарояндагон рақобат мекунанд.
Клипи сурудуи «Оре, Оре» соли 2013 дар Дубай наворбардорӣ шуда, суруди «Снег» эҷоди комилан нави Парвиз Назаров аст, ки соли 2014 сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 1-уми майи соли 2014 дар сомонаи ЕМА расман
овоздиҳӣ
ба довталабони ҷоиза оғоз гардида, натиҷаҳои он 20-уми сентябри соли 2014 дар маросими тақдими ҷоизаҳои III-уми мусиқии Авруосиё – ЕМА-2014 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато эълон карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта пас аз хомӯшии чаҳорсола овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров таҳти унвони «Золотые облака» (Абрҳои тиллоӣ) ва «Буду с тобой» (Бо ту хоҳам буд) ду албоми (маҷмӯаи сурудҳо) нави худро пешкаши ҳаводоронаш намуд.
Худи овозхон эътироф карда буд, ки маҷмӯаи ахири сурудҳои худро ҳанӯз соли 2009 таҳия намуда, аз соли 2010 то имсол ҳудуди 40 сурудаш гирдоварӣ шудаанд, ки онҳоро ӯ ба ду албом тақсим кардааст.
Парвиз Назаров соли 1971 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва дар ҳамин ҷо ба воя расидааст. Соли 1993 ӯ ба Алмаато кӯчида, то ҳанӯз дар ин шаҳр фаъолияти эҷодии худро идома медиҳад.







