Корхонаҳои Фирташро дар Русия ҳам барҳам медиҳанд

«Газпром» ҷараёни барҳамдиҳии корхонаи муштаракаш бо тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ – ширкати RosUkrEnergo AG-ро оғоз мекунад. Ширкати «РосУкрЭнерго» соли 2004 ҳамчун корхонаи муштараки ду ташкилоти молиявӣ – гурӯҳи «Газпромбанк» (50%-и саҳм) ва ширкати Centragas Holding, ки моликонаш Дмитрий Фирташ (90%-и саҳм) ва Иван Фурсин (10%-и саҳм) мебошанд, ба қайд гирифта шудааст. Ин ширкат ба бозфурӯшии […]

Меҳрангез Турсунзода



«Газпром» ҷараёни барҳамдиҳии корхонаи муштаракаш бо тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ – ширкати RosUkrEnergo AG-ро оғоз мекунад.

Ширкати «РосУкрЭнерго» соли 2004 ҳамчун корхонаи муштараки ду ташкилоти молиявӣ – гурӯҳи «Газпромбанк» (50%-и саҳм) ва ширкати Centragas Holding, ки моликонаш Дмитрий Фирташ (90%-и саҳм) ва Иван Фурсин (10%-и саҳм) мебошанд, ба қайд гирифта шудааст. Ин ширкат ба бозфурӯшии гази табиӣ дар қаламрави Украина ва ҳамчунин кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ машғул буд.

Дар ҳамин ҳол, хусусигардонии корхонаҳои Фирташ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Моҳи апрели соли ҷорӣ Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муомилоти аз ҷониби ширкати тоҷири украинаӣ харидорӣ шудани 95%-и саҳмияҳои корхонаи дӯзандагии «Гулистон»-ро ғайриқонунӣ хонда, қарор кард, ки дороиҳои корхона ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурда шаванд. 5%-и саҳмияҳои ин корхона ба писари соҳибкор Зайд Саидов – Хайрууло Саидов тааллуқ дошт.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон рӯзи 23-юми июн ба мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» идома медиҳад. Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.

Ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрел дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот»

изҳорот интишор намуд.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми март дар Австрия дастгир шуд. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт. Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ

бо гарави 125 млн. евро

маблағ озод карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.