Фавти модари маҳбуси аз болои Зойиров ба суд шикоятбурда

Модари маҳбусе, ки аз болои раиси Ҳизби-сотсиал-демократии Тоҷикистон ба суд шикоят бурда буд, санаи 5-уми июн аз олам даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум Савлат Сафолова хабар доданд. Ёдрас мекунем, ки наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги ӯ дар ҷаримагоҳи зиндон, аз раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров […]

Меҳрангез Турсунзода



Модари маҳбусе, ки аз болои раиси Ҳизби-сотсиал-демократии Тоҷикистон ба суд шикоят бурда буд, санаи 5-уми июн аз олам даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум Савлат Сафолова хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги ӯ дар ҷаримагоҳи зиндон, аз раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар ҳаҷми 10 ҳазор ва 1,5 ҳазор товони зарари моддӣ ва маънавӣ тақозо намуданд.

Санаи 14-уми майи соли равон суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба ин даъво қарор содир намуд, ки мутобиқи он, Раҳматилло Зойиров барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардида, ба пардохти ҷарима ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 8 ҳазору 750 сомонӣ уҳдадор шуд. Ин маблағ миёни ду даъвогари асосӣ – наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов ва маъмурияти муассисаи ислоҳии рақами 1 мутаносибан 4750 ва 4000 сомонӣ тақсим мешавад.

Аммо айни замон Раҳматилло Зойиров аз пайи шикоят овардан ба ин қарори суд дар зинаи таҷдиди назар машғул аст.

Ба гуфтаи наздикони зани фавтида, аз маҳкум шудани писараш Маҳмадраҳим Саидов ӯ хеле озурдаву ғамгин буда, вале маълумоти бардурӯғ дар бораи марги писараш ӯро боз ҳам озурдатар кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.