«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро зиёд мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русияро зиёд мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, аз 24-уми июн парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе, ки қаблан як маротиба дар рӯзи шашуми ҳафта сурат мегирифтанд, ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. […]

ASIA-Plus



Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русияро зиёд мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, аз 24-уми июн парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе, ки қаблан як маротиба дар рӯзи шашуми ҳафта сурат мегирифтанд, ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Арзиши билет ба як самт аз 180 евроро ташкил медиҳад.

«Аз 1-уми июл ба хатсайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) ва аз 9-уми июл ба хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) низ як парвози иловагӣ роҳандозӣ мешавад. Арзиши билет ба як самт дар ҳарду хатсайр аз 240 евроро ташкил дода, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 ва 757 анҷом дода мешаванд», – гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик ширкати «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки парвозҳо тариқ хатсайри Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷандро низ то ду парвоз дар як ҳафта зиёд кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.