Боздошти омӯзгори литсейи Панҷакент ҳангоми порагирӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор $

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии мазкур, санаи 15 апрел шаҳрванд Зайтуна Назарова  ба Раёсати Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки омӯзгори литсейи № 1 шаҳри Панҷакент Исроил Раҷабов бо роҳи фиреб ва сӯистифода […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии мазкур, санаи 15 апрел шаҳрванд Зайтуна Назарова  ба Раёсати Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки омӯзгори литсейи № 1 шаҳри Панҷакент Исроил Раҷабов бо роҳи фиреб ва сӯистифода ба боварии ӯ даромада, барои дохил намудан ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Федератсияи Русия бо супоридани имтиҳонҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», аз ӯ  маблағи 8000 доллари ИМА талаб намудаааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Раҷабов Исроил ҳангоми гирифтани маблағи 8 ҳазор доллари ИМА аз Зайтуна Назарова дастгир карда шуда, маблағ ҳамчун далелҳои шайъи аз ӯ дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, тафтиши парандаи ҷиноӣ нисбати Исроил Раҷабов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) пурра ба анҷом расонида шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.