Оғози сафари расмии нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон



Имрӯз нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, барномаи ин сафар, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар ва имзои як қатор санадҳои дуҷонибаро дарбар мегирад. Инчунин дар доираи ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардидаанд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соли 1993 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.  Алҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Амҷад Ҳусайн Сиал мебошад. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолияти худро оғоз намуда, соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар расман ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов мебошад.

Айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро  қариб 40 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ташкил менамояд.

Табодули моли байни ду кишвар дар соли 2013 ба 84,1 млн доллари ИМА расид, ки аз он содирот 19,9 млн долл. ИМА ва воридот 64,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ миёни ду кишвар бар мабнои принсипҳои якдигарфаҳмӣ, баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллии тарафайн ба роҳ монда шудаанд. Раванди муносибатҳои сиёсии дуҷониба мусбат арзёбӣ мегардад ва тамосҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар аз он далолат мекунанд. Ҳамин тариқ, тайи 22 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар 4 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997 ва 2011) сурат гирифтаанд ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон  3 маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон (солҳои 2002, 2009 ва 2012) ташриф овардааст.

Инчунин ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар Сафарҳои тарафайни гурӯҳҳои парлумонии ду кишвар низ хуб роҳандозӣ гардидаанд., ки дар рафти он масоили ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, мунтазам доир мегарданд.

Дар чорчӯби ҳамкориҳои сиёсии дуҷониба 11 январи соли 2013 машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, ки дар интиҳои он нишаст «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2013-2016» ба имзо расид.

Бояд зикр кард, ки мавқеи ду кишвар нисбат ба бисёр масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар дигар сатҳҳо низ тамоси мунтазамро барқарор кардаанд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сол аз сол рушду тавсеа ёфта, сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Дар ин миён, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ш. Душанбе ду маротиба Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон (солҳои 2010 ва 2011), ки дар он теъдоди зиёди соҳибкорони Покистон ширкат варзиданд, баргузор гашт ва ин чорабиниҳо заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни ду кишвар гузошт.

Барои боз ҳам вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таъсис дода шудааст ва то ба имрӯз 4 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гаштааст. 

spot_imgspot_img

Популярное