Қарордоди бисёрмиллионаи ширкати Чин бо КМ «Апрелевка»

Ширкати истихроҷи тиллои Yintai Yuancheng Gold дар бораи тавофуқ ҳосил шудан бо ширкати кӯҳкории «Апрелевка хабар медиҳад. 51%-и саҳмияи ин ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истихроҷи маъдани тилло машғул аст. Бино ба маълумоти як қатор васоити ахбори умумии чинӣ, ин ширкат ба коркарди конҳои фулузоти қиматбаҳо мепардозад, ки КМ […]

Заррина Эргашева



Ширкати истихроҷи тиллои Yintai Yuancheng Gold дар бораи тавофуқ ҳосил шудан бо ширкати кӯҳкории «Апрелевка хабар медиҳад. 51%-и саҳмияи ин ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истихроҷи маъдани тилло машғул аст.

Бино ба маълумоти як қатор васоити ахбори умумии чинӣ, ин ширкат ба коркарди конҳои фулузоти қиматбаҳо мепардозад, ки КМ «Апрелевка» ба онҳо иҷозатнома дорад. «Дар навбати аввал ин ба афзоиши сармояи муомилотии корхона, анҷоми иктишофи захираҳо дар кон ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолотм дахл дорад», – зикр мегардад дар маълумотҳо.

Созишнома бо забони чинӣ дар сомонаи

www.cninfo.com.cn

чоп шуда, дар он қайд мешавад, ки ширкати чинӣ барои таҷдиди корхона, тавсеъаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин баргузор намудани корҳои иктишофӣ-геологӣ бо мақсади афзоиши майдонҳои ояндадори маъдани тилло чандин миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрел  зимни

вохӯрии

вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндагони ширкатҳои Yantai Yuancheng Gold Co. Ltd. и Shandong Gold Mining Co. Ltd.-и Чин дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати истихроҷи маъдани тилло баррасӣ шуданд.

Заминаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда, Инкиҷелон ва дигар конҳои хурд мебошанд. Маъдан бо тарзи кушода истихроҷ мешавад. Зимни коркарди он хӯлаи тиллову нуқра ҳосил мешавад. Иқтидори миёнаи истеҳсолии корхона ба истихроҷи 180 ҳазор тонна маъдан дар як сол баробар аст.

Маҳсулоти асосии корхона хӯлаи тиллову нуқраи «Доре» мебошад, ки минбаъд дар корхонаи «Востокредмет» то тиллои кимиёвии тозаи озмоиши баландтарин (999,9) ва нуқраи озмоиши 999,5 коркард мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.