Маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар Душанбе зимни сафари нахуствазири Покистон

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба шаҳри Душанбе рўзи 17 июни соли равон аз соати 11.30 то 13.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш-Сомонӣ то фурудгоҳ, аз соати 13.30 то 15.00 дар […]

ASIA-Plus



Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба шаҳри Душанбе рўзи 17 июни соли равон аз соати 11.30 то 13.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш-Сомонӣ то фурудгоҳ, аз соати 13.30 то 15.00 дар хиёбони Сомонӣ-Рўдакӣ-Майдони Дустӣ ва аз соати 17.00 то 18.00 хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Рӯзи 18-уми июн низ аз соати 09.00 то 12.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рудакӣ, хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то хиёбони Айнӣ, хиёбони С.Шерозӣ, кӯчаи Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Н.Ганҷавӣ, роҳи Душанбе Хуҷанд-Чанок то бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» ва аз соати 14.00 то 15.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» то фурудгоҳи байналмилалӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.