Дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав, Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбати судманду самимӣ иброз намуд, ки аз замони сафари Шумо, Валентина Ивановнаи муҳтарам, ба Тоҷикистон вақти зиёде нагузаштааст, аммо ин моҳҳои сипаришуда рӯйдоди бисёр боаҳамият ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва ташаббусҳои дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия пешниҳодшуда, илова бар ин шакл ва равиши гуногун ба шумор мераванд.
Барои мисол, чанд рӯз пеш ҳайати тоҷикистонӣ аз шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр ва узви Маҷлиси миллӣ Раҳмоналӣ Амирзода аз Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград дидан кард. Дар натиҷа як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба сохтмони корхонаҳои муштарак ба имзо расиданд.
Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Русия, Намоишгоҳи сеюми «Маорифи Русия – 2014» баргузор шуданд.
Он чиз боиси хушнудӣ аст, ки дар радифи чорабиниҳои расмӣ бештар ташаббусҳои бевоситаи шаҳрвандон мушоҳида мешавад ва ин, албатта, бисёртар барои ташкили таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳз дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим мебошад.
Масалан, ВАО иттилоъ доданд, ки дар Боғи санъати «Музеон» – Москав «Мактаби забономӯзии муҳоҷирон» ташкил шудааст, ки дар он намояндагони диаспораҳо ба муҳоҷирон дарс меомӯзанд. Ё иттилои дигаре ба ҳамин монанд – се муҳоҷири тоҷик барандаи ҷоизаи бонуфузи мукофоти театри миллии русиягӣ бо номи «Ниқоби тиллоӣ» шудаанд. Намоишномае, ки онҳо дар он нақш офаридаанд, ба ақидаи муаллифон, бояд «пуле байни истиқоматкунандагони Маскав ва мусофирони Осиёи Марказӣ, ки паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд, вале аз ҳоли ҳамдигар хабар надоранд», бошад.
Дар вохӯриамон дар шаҳри Душанбе ман оид ба фишорҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии мо дар хабарҳои ВАО – и Русия ёдрас шуда будам ва ман наметавонам, ки ин мисолҳоро дар расонаҳо ва интернет асосдошта ё дақиқ маънидод кунам. Ман фикр намекунам, ки ин ҳолати тасодуфӣ аст, ба ҳар ҳол мо сар карда аз сатҳи боло корҳои зиёдеро анҷом додаем ва тавре маълум аст, шумора дер ё зуд бояд ба сифат гузарад.
Боз як мисоли дигар меорам. Дар Маскав низоми тестии операторони шабакаҳои алоқа барои муҳоҷирон роҳандозӣ карда шуд, ки ба онҳо имкон медиҳад, бо як SIM – карта ҳамзамон рақамҳои телефонии ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистонро истифода намоянд ва пуштибонӣ аз муштариро бо забони модариаш ба роҳ мондааст. Ман тасаввур мекунам, ин маҳз ҳамон ҳолате аст, вақте ки ҳамбастагӣ аллакай ҳамчун меъёре қабул шудааст, ки худ ба худ маълум мешавад.
Умедворам, ки чунин тамоюли мусбат ҳам дар муносиботи байниҳамдигарӣ ва ҳам байни ақаллиятҳои миллӣ, ҳам дар ВАО тақвият меёбад, ҳукмфармо мегардад. Аммо барои амалӣ шудани ин ғоя бояд афроди масъул, аз ҷумла мо – намояндагони парлумонҳои ҳарду кишвар ҳамеша муҳити иттилоърасониро бо фаъолиятҳои муштаракамон ва ташаббусҳоямон комил намоем.
Махсусан, иҷрои чунин амал дар замони имрӯза, ки мутаассифона, дарсҳои талхи таърих ба фаромӯшӣ рафта истодаанд, ҳақиқати таърихӣ ба сохтакорӣ иваз шудаанд, бисёр муҳим аст. Дӯстии халқҳои мо ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳуҷумҳои дастаҷамъона мувоҷеҳ буд ва бештари маконҳои дар дастбуда дар муносиботи байни ақаллиятҳои миллӣ, махсусан дар сатҳи маишӣ, дар бисёри ҳолатҳо дар натиҷаи таъбирҳои дурӯғини таърихии ишғолгарӣ, ғуломӣ ва монанди инҳо аз даст рафтанд. Бинобар ин, аз мафҳуми «пули дӯстӣ» байни мардумони миллиятҳои гуногун дар қалбҳо гармӣ ворид мекунад ва бовариро дар мавриди он, ки мо муносиботи дӯстонаи худро ҳифз ва пурқувват менамоем, тақвият мебахшад.
Муҳтарама Валентина Ивановна!
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо саломи самимии роҳбарияти Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистонро расонам. Ман бо ҳайати устодони ин Донишгоҳ дар арафаи сафарам ба Маскав мулоқот доштам. Мо ҳамеша ба фаъолиятҳои Донишгоҳи мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоем, фаромӯш намесозем, ки ин муассисаи олии таълимӣ моли муштараки мо аст. Онҳо ба Шумо барои кӯмакҳоятон дар ҳалли мушкилот, махсусан дар бахши маблағгузорӣ ҷиҳати сохтмони бинои нави Донишгоҳ сипосгузории амиқ доранд. Онҳо бо пешниҳоди нав ба Шумо муроҷиат мекунанд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки шумо натанҳо доктори фахрии Донишгоҳи онҳо бошед, балки Раиси фахрии Шӯрои парасторони Донишгоҳ низ бошед.
Дар мулоқот бо Константин Ромодановский мо масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро ба таври муфассал муҳокима намудем ва мо ҳамзамон аз Шумо, Валентина Ивановнаи гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки ба ин масъала, бахусус таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани хадамоти тиббӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти махсус зоҳир намоед.
Лоиҳаи чунин мувофиқатномаҳо дер боз дар дастури кор қарор доранд ва эҳтимол ба охири кор наздик аст. Боварӣ дорам, ки мо ба онҳо пуштибонии прарлумонии хешро расонида метавонем.
Дар интиҳои суҳбат иҷозат диҳед, Валентина Ивановнаи муҳтарам, изҳори боварӣ намоям, ки мулоқоти навбатии мо ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ вобаста ба таҳдидҳои муосир, орзуву омол ва хостаҳои интихобкунандагонамон хидмат хоҳад кард.
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагонги Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Маскав ва мулоқоти ӯ бо ҳайати парлумонии Федератсияи Русияро барои таҳкими ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Валентина Матвиенко аз натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, натиҷаҳои бадастомадаи онро мусбат маънидод намуд. – Мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики асосӣ ва стратегии худ дар минтақа медонем ва ҳамеша бо ин кишвар дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус равобити парлумонӣ ҳамкории хуб ба роҳ мемонем, – гуфт Валентина Матвиенко.
Акнун вақти он расидааст, ки мо бояд бештар ба ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳоямон диққати ҷиддӣ диҳем. Аз ҷумла ҷонибҳо бояд чунин ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ монанд, ки дигар дар фаъолияти онҳо ягон нофаҳмӣ дида нашавад. Инчунин қазияи пажуҳишгоҳи физикию- техникии ба номи Умаров, низомномаи Маркази илмии «Памир-Чакалтай» ҳалли мусбии худро мехоҳад.
Валентина Матвиенко таъкид намуд, ки баъзе проблемаҳоро махсусан ёдоварӣ намудам, ки онҳо барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия монеа нашаванд. Мақсади вохӯриҳои мо ҳамин аст, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо якҷоя ёбем.
Ҳукумат ва Шӯрои Федератсия Русия ҳамеша омода аст Тоҷикистони ба мо дӯсту бародарро дар ҳама сатҳҳо ҷонибдорӣ намояд.
Ман хеле шодам, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва рушди забони русӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Тавре ваъда дода будам, соли 2015 барои харидани таҷҳизоти нав барои бинои нави Донишгохи Славянии Тоҷикистону Русия аз буҷаи кишвари мо маблағи 130 миллион рубл чудо карда мешавад.
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ҳар як сафари ҳайати боломақоми парлумонии Тоҷикистону Русия ба кишварҳои ҳамдигар барои тақвияти равобити дуҷонибаи байнипарлумонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Мо алоқаманди густариш ёфтани муносиботи парлумонии кишвари худ бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва умедворем, ки ин сафари Шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, барои амалӣ шудани ниятҳои мо кӯмак хоҳад кард.
Хушбахтона, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз табобати ройгон ва хондани фарзандҳояшон дар макотиби Русия бархурдоранд. Дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ чунин корхои некро ҷоннок намудан лозим аст. Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамеша ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ менамоям.
Ният дорем дар оянда чорумин форуми байнипарламентҳоямонро гузаронем. Истифода аз таҷрибаи ҳамдигар барои рушди муносиботи дуҷониба ва ошноии бештар пайдо кардан аз фаъолиятҳои рӯзмарраи парлумонҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Валентина Матвиенко ҳамчунин афзуд, ки мо тарафдори барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ба кор ҳастем ва ташкили омӯзиши таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии Русияро дастгирӣ менамоем.
– Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамаи он пешниҳодҳое, ки Шумо ироа доштед, мепазирад ва барои амалӣ шудани онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута тадбирҳои мушаххас меандешад, – гуфт дар анҷоми мулоқот Валентина Матвиенко.



