Дар ноҳияи Ғончӣ мактаби нав боз шуд

Рӯзи чоршанбеи 18 июн Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баргузор намудани қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Ғончӣ сафари корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст дар ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Раиси вилоят бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати […]

ASIA-Plus



Рӯзи чоршанбеи 18 июн Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баргузор намудани қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Ғончӣ сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст дар ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Раиси вилоят бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мактаби мазкур дорои 11 синфхона буда, барои таҳсили 320 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони мактаби мазкур моҳи августи соли гузашта оғоз ёфта, дар бунёди он аҳли деҳа, соҳибкорони маҳаллӣ, ташкилоти байналхалқӣ ва якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳм гузоштаанд. Мактаб бо харҷи умумии 1 милиону 180 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

Бинои кӯҳнаи мактаб дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз соли 1958 ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Аз ин лиҳоз он пурра навсозӣ гардид. Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба анҷоми корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ташаббуси сокинонро намунаи ибрат барои дигарон хонд. Дар дабистон барои касбу ҳунаромӯзии хонандагон маҳфилҳои гуногун, аз қабили рӯзгордорӣ, пухтупаз ва қолинбофиву сӯзанидузӣ таъсис дода шуда, толибилмон ба ин маҳфилҳо ҷалб гардидаанд.

Дар маҳфили қолинбофӣ тариқи дастгоҳҳои омӯзишӣ духтарон нозукиҳои касби қолинбофии дастиро аз худ менамоянд. Ин иқдом мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида, ҷалби бештари бонувон ба ҳунаромӯзӣ махсус таъкид ёфт. Ҳини сӯҳбат Раиси вилоят зикр дошт, ки ду дастгоҳи қолинбофиро ба ин дабистон тақдим медорад.  Ҳамчунин роҳбари вилоят толибилмонро ба донишандузӣ, аз худ кардани забони давлатӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд. Синфи омодагии ҳарбии мактаб низ бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз буда, он ба боло рафтани ҳисси баланди ватандустӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки аз тарафи Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби нав ба маблағи умумии 48 ҳазор сомонӣ мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва дигар ашёи хониш дастрас карда шуд ва ба ин васила эҳтиёҷоти хонандагон ва омӯзгорони деҳа бартараф гардид.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.