Раҳимзода: Дар минтақаҳои даргир беш аз 200 нафар тоҷикистониён ҳузур доранд

– Дар амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои ихтилофдор беш аз 200 нафар тоҷикистониён иштирок доранд, – гуфт ба журналистон рӯзи 19-уми июн вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар тоҷикистониён дар Сурияву Афғонистон ва Покистон қарор доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз ним сол қабл муфтии Сурия изҳор карда […]

Меҳрангез Турсунзода



– Дар амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои ихтилофдор беш аз 200 нафар тоҷикистониён иштирок доранд, – гуфт ба журналистон рӯзи 19-уми июн вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар тоҷикистониён дар Сурияву Афғонистон ва Покистон қарор доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз ним сол қабл муфтии Сурия изҳор карда буд, ки танҳо дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 190 нафар зодагони Тоҷикистон иштирок доранд. Ба қавли ӯ, тоҷикистониён дар ҳамаи созмонҳои динӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ аст (дар маҷмӯъ 12 созмон) ҳузур доранд.

Вазир қайд кард, ки яке аз сабабҳои бештар паҳншудаи иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар рӯйдодҳои Сурия дарки нодурурсти Ислом аз ҷониби онҳо аст. «Ҷавонони хоҳишманди гирифтани маълумоти динии ғайриқонунӣ ба кишварҳои мусалмонии Шарқ рафта, аксаран ба фаъолияти гурӯҳҳои байнулмилалии эсктремистӣ ҷалб мегарданд. Табиист, ки баъди бозгашт ин муллоҳои ҷавон натанҳо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва шавқу рағбати таблиғгарӣ, балки идеологияи тундгароии исломиро низ бо худ меоранд», – иброз дошт номбурда.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки ба туфайли соҳибистиқлолии давлатӣ, дар ҷумҳурӣ дар доираи қонун барои озодона ба ҷо овардани расму оин ва анъанаҳои динӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

«Дар ҳамин ҳол, таҳлили фаъолияти марказҳои бунёдгаро ва экстремистии хориҷӣ гувоҳи онанд, ки тарҳҳои онҳо нисбат ба бисёр кишварҳо мухолифи манфиатҳои мусалмонон, давлатҳо ва ҷомеа аст. Комилан метавон гуфт, ки ислом ҳамчун дин ба терроризм ва эсктремизм ҳеҷ муносбате надошта, онро маҳкум мекунад ва ин аз моҳияти ин дини ҷаҳонӣ бармеояд», – қайд кард Раҳимзода.

Ба қавли ӯ, вазорат мутмаин аст, ки терроризм ва эсктремизми динӣ вуҷуд надорад, танҳо терроризм ва эсктремизм арзи ҳастӣ дорад, ки ба он бо ақидаи динӣ ниқоб пӯшонидаанд ва вақте мо дар бораи терроризму эсктремизми динӣ ҳарф мезанем, маҳз терроризму экстремизмро дар назар дорем, ки бо ақидаҳои динӣ рӯйпӯш шудааст.

«Дар вазъи кунунӣ танҳо ҳокимияти пурзӯри давлатии дорои иродаи қавии сиёсӣ қодир аст, ки кишварро аз мухолифатҳо дар заминаи диниву этникӣ боздорад. Аз ин рӯ, мубориза ба эстремизм имрӯз натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои дунё хеле муҳиму рӯзмарра аст», – афзуд вазири корҳои дохилӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.