Моҳи шарифи Рамазон 28-уми июн оғоз мегардад

Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор шуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол 28-уми июн оғоз мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд, намози таровеҳи якум шаби ҷумъа ба шанбе, 27 ба 28-уми июн баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор шуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол 28-уми июн оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд, намози таровеҳи якум шаби ҷумъа ба шанбе, 27 ба 28-уми июн баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шарити ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.

Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки рӯза дошта наметавонанд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ диҳанд, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ хайр кунанд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди  бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.