Коҳиши қурби доллари ИМА ва болоравии қурби евро

Ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби фурӯши 1 доллари ИМА дар бозор имрӯз дар минтақаҳо ба ҳисоби миёна 5,07 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали моҳи июн 05 дирам пасттар аст. Ба иттилои манбаъ, қурби аз ҳама пасттарини фурӯши доллар дар шаҳрҳои […]

ASIA-Plus



Ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби фурӯши 1 доллари ИМА дар бозор имрӯз дар минтақаҳо ба ҳисоби миёна 5,07 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали моҳи июн 05 дирам пасттар аст.

Ба иттилои манбаъ, қурби аз ҳама пасттарини фурӯши доллар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 5,05 сомонӣ баробар аст. Ин нишондиҳанда дар Қӯрғонтеппа – 5,08 ва Кӯлоб – 5,10 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии доллари ИМА, ки онро ҳамарӯза Бонки миллӣ муқаррар мекунад, айни замон 4,93 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо қурби бозор, баръакс аз аввали моҳ 2 дирам афзудааст.

Қурби миёнаи фурӯши евро дар Тоҷикистон дар қиёс бор доллари ИМА афзуда, феълан ба 6,83 сомонӣ барои 1 евро баробар аст. Аввали моҳ қурби он 6,90 сомониро ташкил медод.

Қурби фурӯши рубли русӣ дар бозор айни замон 1,46 сомонӣ (10 рубли русӣ)-ро ташкил дода, дар муқоиса бо аввали моҳ бетағйир боқӣ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.