Дархости Маркази исломӣ аз тоҷирон оид ба боло набурдани нарх дар моҳи Рамазон

Маркази исломии Тоҷикистон дар табрикот ва муроҷиатномаи Раёсати марказ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз соҳибкорону тоҷирони тоҷик дархост намуд, ки давоми моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизойиро боло набаранд. Дар муроҷиатнома Маркази исломии Тоҷикистон тамоми мусалмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, қайд мекунад, ки рӯзаи […]

ASIA-Plus



Маркази исломии Тоҷикистон дар табрикот ва муроҷиатномаи Раёсати марказ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз соҳибкорону тоҷирони тоҷик дархост намуд, ки давоми моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизойиро боло набаранд.

Дар муроҷиатнома Маркази исломии Тоҷикистон тамоми мусалмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, қайд мекунад, ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳамчун рукни сеюми дини мубини Ислом аҷру савоб ва подоши беҳисоб дорад.

«Албатта, анҷом додани ҳар амале, ки ба хайроту садақа марбут аст, мувофиқ ба имконоти иқтисодии мардум сурат мегирад. Дар ин масъала бояд, қабл аз ҳама, тоҷирону соҳибкорон тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ рафтор дошта бошанд. Дар моҳи шарифи Рамазон муносиб буд, ки тоҷирон ва соҳибкорон қиммати маводи ғизоиро аз боло рафтан нигоҳ доранд, зеро ҷанбаи некукории Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон тараққӣ карда, монанди боди сабо нафъаш бо сарорсар ба мардум мерасид», – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар идома гуфта мешавад, «дар ҷомеи имрӯзаи мо мутаассифона баъзе тоҷироне ёфт мешаванд, ки молу маҳсулоташонро қасдан пинҳон намуда, маҳз дар Рамазони шариф бон архи гарон ба фурўш мебароранд. «Дар дини Мубини Ислом ин гуна шахсиятҳоро муҳтакир мегўянд, ки аз қавли Пайғамбари гиромӣ Худованд онҳоро лаънат хондааст», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

«Аз ин хотир, мо ба ҳама тоҷирону соҳибкорон, фурўшандагони маводи ғизоӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хўрокворӣ машғуланд, муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ набардоранд, баръакс, агар тавонанд, бо паст кардани нарху наво ва муомилаи неку гуворо, корҳои савоб ва хизматрасониҳои иловагӣ дар ин моҳи шариф ба меҳрубониҳои Худованди раҳиму раҳмон мушарраф гарданд. Онҳо бояд мутмаин бошанд, ки ҳар зарра некие, ки дар ҳаққи мардуми рӯзадор мекунанд, аз нигоҳи заррабини Худованди бузург пинҳон нахоҳад монд», – даъват мешавад дар муроҷиатнома.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор шуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол 28-уми июн оғоз мегардад. намози таровеҳи якум шаби ҷумъа ба шанбе, 27 ба 28-уми июн баргузор мешавад. Соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шарити ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.