Тарифҳои барқ дар Тоҷикистон 15% зиёд мешаванд

Зимни баррасии масъалаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Тоҷикистон» дар муҳокимаи парлумонӣ, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нурлиев изҳор намуд, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 15% зиёд мешаванд. Ба саволи вакили палатаи поёнии парлумон доир ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни баррасии масъалаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Тоҷикистон» дар муҳокимаи парлумонӣ, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нурлиев изҳор намуд, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 15% зиёд мешаванд.

Ба саволи вакили палатаи поёнии парлумон доир ба ин ки оё ин созишнома ба муфлисшавии ширкати «Барқи тоҷик», ки бе ин ҳам қарзи зиёд дорад, боис намегардад, Нуралиев посух дод, ки бо мақсади беҳбуди вазъи ширкати мазкур, мутобиқи қарори ҳукумат, аз 1-уми июл афзудани тарифҳои истифодаи барқ ба андозаи 15% пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.

Дар доираи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Тоҷикистон» ба муҳлати 25 сол бо 2,5%-и солона дар ҳаҷми 14,5 млн. доллари ИМА қарз ҷудо карда мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.