Алим Шерзамонов таҳти баёноти тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад

Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов барои бозпурсӣ ба Раёсати КАДАМ-и вилоят даъъват шуд. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шерзамонов дар ин робита зикр кард, ки вохӯрӣ бо кормандони КДАМ соати 16-00-и рӯзи 24-уми июн доир гардида, дар он аз ӯ барои тарк накардани қаламрави ВМКБ […]

ASIA-Plus



Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов барои бозпурсӣ ба Раёсати КАДАМ-и вилоят даъъват шуд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шерзамонов дар ин робита зикр кард, ки вохӯрӣ бо кормандони КДАМ соати 16-00-и рӯзи 24-уми июн доир гардида, дар он аз ӯ барои тарк накардани қаламрави ВМКБ баёнот гирифтаанд.

«Як рӯз пеш як шахси номаълум ба ман бо телефон занг зада, ба Раёсати КДАМ барои суҳбат даъват кард. Баъдтар дар ҷараёни вохӯрӣ ӯ гуфт, ки даъватнома фиристода шуда, вале ба ман нарасидааст», – иброз дошт Шерзамонов.

Ба савол дар бораи мавзӯи суҳбат дар Раёсати КДАМ Шерзамонов посух дод, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонад, зеро дар бораи ифшо накардани маълумот зери санад имзо гузоштааст. «Мутаассифона, дар бораи суҳбат ба шумо чизе гуфта наметавонам, танҳо ҳаминро қайд карданиам, ки дар бораи боздоштшуда ба гумони хиёнат ба давлат Александр Содиқов суҳбат доштем. Ғайр аз ин, ба масъалаи гирдиҳамойиҳо дар Хоруғ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.