Аксия бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ

Шоми имрӯз дар майдони назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ аксия доир мегардад. Директори Маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Хушвыахт Ҳасанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин чорабинӣ вазири тандрустии кишвар Нусратулло Салимов […]

Мавзуна Абдуллоева



Шоми имрӯз дар майдони назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ аксия доир мегардад.

Директори Маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Хушвыахт Ҳасанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин чорабинӣ вазири тандрустии кишвар Нусратулло Салимов иштирок мекунад.

Дар робита ба ин сана муддати ҳафтаи равон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Фонди глобалӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа як қатор чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд.

Чорабиниҳо мавзӯъҳои хатари нашъамандӣ ба инсоният ва муҳим будани огаҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирии онро дарбар мегирифтанд. Дар доираи аксия викторинаву намоишҳои мусиқавии бахшида ба мавзӯи мубориза бо нашъмандӣ доир гардида, иштирокчиёни аз ҳама фаъолтар бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон шумор афроди нашъманд дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.