Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик бар дастаи Озарбойҷон

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии аввали мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона ба пирӯзӣ ноил гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона имрӯз дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Остона оғоз гардида, тарбиятгирандагони сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бар футболбозони навраси озарбойҷонӣ бо ҳисоби […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии аввали мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона ба пирӯзӣ ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона имрӯз дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Остона оғоз гардида, тарбиятгирандагони сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бар футболбозони навраси озарбойҷонӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.

Ба иттилои манбаъ, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон футболбозон Муҳаммадҷон Шарифов ва Худойдод Узоқов ба ҳадаф расонидаанд. Футболбозони навраси тоҷик пагоҳ бо дастаи мунтахаби наврасони футболи Испания қувваозмоӣ мекунанд. Бозӣ соати 18-00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.