RWB: Ҳабси Содиқов аз парешонхотирии ҳукумат дарак медиҳад

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Reporters without borders (RWB) ё худ Хабарнигорони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард , ки муҳаққиқ Александр Содиқови рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ боздоштшуда ба гумони фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ озод карда шавад. Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» хотиррасон менамояд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муддати се рӯз дар бораи макони […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Reporters without borders (RWB) ё худ Хабарнигорони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон

даъват кард

, ки муҳаққиқ Александр Содиқови рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ боздоштшуда ба гумони фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ озод карда шавад.

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» хотиррасон менамояд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муддати се рӯз дар бораи макони будубоши Содиқов ҳеҷ маълумоте надода, танҳо баъдтар, рӯзи 19-уми июн бобати ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумита дар шаҳри Душанбе

гузаронидани ӯ

хабар дод.

«Рӯзҳои 18-19-уми июн телевизиони давлатии вилоят

наворҳои видеоии

бозпурсии хеле зиёд таҳриршудаи Содиқовро намоиш дод, ки дар он таҳти фишор қарор доштани ӯ эҳсос мешавад. Дар навор Содиқов суханони Алим Шерзамоновро овард, ки чунин гуфтааст: «Агар соли 2012 мардуми Бадахшон бештар ба нерӯҳои амният бовар намекард, пас соли 2014 онҳо акнун ба ҳукумат ва Оғо Хон дигар бовар надоранд». Ба назар мерасад, ки навори видеойӣ ва шарҳҳои баҳснок барои бадномкунии яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ Алим Шерзамонов ниграонида шудаанд», – зикр мегардад дар изҳороти созмон.

«Махфӣ будани боздошти Содиқов ва пайдо шудани навори бозпурсии ӯ дар телевизион ҳуқуқи ӯ ба мурофиаи судии боадолатро поймол мекунанд, – гуфтааст Иоганн Бихр, роҳбари шуъба оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ. – Ҳабси ӯ нишони парешонхотирӣ (паранойя)-и ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба ҷойи масъулиятро ба дӯш гирифтан, ба айбдоркунии хориҷиён барои бетартибиҳо дар Тоҷикистон майл дорад».

Номбурда илова намудааст, ки Содиқов бояд таъҷилан озод ва айбномаҳои бемаънии ба ӯ пешниҳодшуда бояд бекор шаванд. «Замоне фаро расидааст, ки ҳукуматро мебояд ба афзоиши таҳдидҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо маҷбуркунии хомӯш будани интиқодгарони худ хотима бахшад», – иброз доштааст Бихр.

Бино ба маълумоти созмон, Алим Шерзамонов яке аз пешвоёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва хеш (тағо, амак)-и яке аз мардони рӯзи 21-уми май дар Хоруғ аз ҷониби мақомоти пулис кушташуда аст.

«Раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов рӯзи 19-уми июн изҳор намуд, ки ба амнияти Тоҷикистон ҷосусҳои хориҷие таҳдид мекунанд, ки «таҳти пӯшиши созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд». Аз 10-уми июн дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube  ва дигар хизматгузориҳои Google қисман қатъ карда шуданд. Аз рӯи нишондиҳандаи шохис (индекс)-и озодии матбуот, миёни 180 кишвари дунё Тоҷикистон зинаи 115-умро ишғол мекунад», – қайд мешавад дар изҳороти созмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.